Диққат! Ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунед!!!

Диққат! Ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунед!!!

  Давоми чанд рӯзи охир, як қатор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мардумфиребии афроди ношинос, ба мақомоти милитсия муроҷиат намудаанд, ки аз рӯйи шаклу усули содиршавӣ, ҳамаи онҳо яксон мебошанд.
  Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи амалисозии як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуданд, ки аз хориҷи кишвар як гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ, ба ин кор машғуланд, ки се нафар ҳаммаслакони онҳо дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.
  Ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, бо истифода аз имкониятҳои технологияи навин рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, бо шаҳрвандон дар тамос шуда, дар бораи ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд. Бо истифода аз таъсиррасонии равонӣ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон мабағҳои калони пулӣ талаб кардаанд.
  Чуноне зимни пешбурди коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор карда шуд, ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ, барои амалигардонии мақсадҳои ҷиноятиашон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони алоҳидаро ба худ ҷалб намуда, барои интиқол додани маблағҳои пулӣ онҳоро вазифадор намудаанд.
  Аз ҷумла, шаҳрвандон Мамараимов Фарҳод Ҳасанович, санаи таваллудаш 21.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Лоҳутӣ ва Шарофиддинов Рустам Маруфович, санаи таваллудаш 21.04.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Наврӯз, дастгир карда шуданд, ки онҳо тавассути саҳифаи иҷтимоии Телеграмм бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар тамос шуда, ба ҳайси интиқолдиҳанда ба истилоҳ курер ба онҳо ёрӣ расонидаанд. Номбурдагон аз се шаҳрванд беш аз 40-ҳазор долларро қабул намуда, тавассути ҳамёни электронӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд.
  Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони милитсия Акобирова Амина Изатшоевна, санаи таваллудаш 30.11.2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қабодиён дастгир карда шуд. Ӯ низ дар се ҳолат аз ҷабрдидагон дар умум зиёда аз 22 ҳазор долларро гирифта, тавассути хизматрасониҳои бонкӣ маблағҳоро ба хориҷи кишвар фиристодааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунанд. Агар бо чунин шакл мавриди фиреби ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ қарор гирифтаанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin