Татбиқи ҷазои маъмурӣ барои таваққуфи нодурусти воситаи нақлиёт
Таваққуфи нодуруст ва дар ҷойи номуайяншуда гузоштани воситаҳои нақлиёт дар аксар маврид боиси ба миён омадани тамбашавӣ ва халалдор гаштани ҳаракати дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мегардад. Вале ҳастанд ронандагоне, ки нақлиёти худро дар ҷойи номуқарраргардида ба таври нодуруст таваққуф намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон мекунанд.
Аз ҷумла, кормандони милитсия ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тайёта Кемрӣ», рақамҳои қайди давлатиаш 0077VH01, Юсуфзода Аббос Рустам, санаи таваллудаш 06.01.2000 ва ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ», рақамҳои қайди давлатиаш 2004ZC01, Галиулина Ситора Олеговна, санаи таваллудаш 24.05.2004-ро барои таваққуфи нодуруст боздошт намуданд.
Номбурдагон нақлиёти худро дар хиёбони Рӯдакӣ, дар ҷойи номуайянгардида ба таври нодуруст таваққуф намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон кардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёти онҳо ба ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе