Садамаи нақлиётӣ

Садамаи нақлиётӣ

  Санаи 29-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 09:00, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «DAF», рақамҳои қайди давлатиаш 3637МА01, Зияев Мавлон Ҳикматуллоевич, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҷ.Расулов ба самти кӯчаи С.Шерозӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба нақлиёти мусофирбари тамғаи «Мерседес Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 5509ТТ09, таҳти идораи шаҳрванд Мӯсоев Хушбахтшо Муҳиддинович бархурдааст.
  Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ягон нафар ба ҳалокат нарасида, 4-нафар мусофирони воситаи нақлиёти «Спринтер» бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхона дастрас карда шудаанд.
  Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin