Боздошти ронандаи дағалгуфтор

Боздошти ронандаи дағалгуфтор

  Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Юлдашов Маъмур Мадаминович, санаи таваллудаш 14.03.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимов, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес спринтер”, рақамҳои қайди давлатиаш 3061ТТ09 мебошад, дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда расман дар ККВД “АВТОБУС-3” ҳамчун ронандаи мусофирбар ба қайд гирифта шудааст. Аммо худсарона хатсайри худро иваз намуда, дар хатсайри 19 ба фаолияти мусофирбарӣ машғул гардидааст.
  Аз ҷумла, санаи 8-уми майи соли ҷорӣ, зимни фаъолияти мусофиркашонӣ бо шаҳрвандон дағалона рафтор намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда-Юлдашов Маъмур, маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ, ба Суд ирсол карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin