Санҷиши навори дар интернет нашргардида
Аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навори муноқишаи лафзии ронандагони «таксӣ», ки дар сомонаҳои интернетӣ нашр гардидааст, мавриди санҷиш қарор дода шуда, ронандагони дар навор инъикосгардида, муаян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
Инҳо шаҳрвандон Давдатов Дилшод Камолиддинович, соли таваллудаш 18.02.1996, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «BYD», рақами қайди давлатиаш 7653МР01 ва Сафаров Фирдавс Аъзамҷонович, санаи таваллудаш 07.08.1996, сокинони шаҳри Ҳисор, деҳаи Боғистон мебошанд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 21-уми апрели соли ҷорӣ, тақрибан соати 12:00, дар ҳудуди шаҳри Ҳисор рух додааст. Номбурдагон зимни иштирок дар маросими туй қоидаҳои ҳаркати роҳро дағалона вайрон намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро халалдор сохтаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суди шаҳри Ҳисор ирсол карда шуданд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе