Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон вобаста ба қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ
Дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан ошкор ва пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ саҳми шаҳрвандон низ арзишманд аст.
Аз ҷумла, дар асоси муроҷиатҳои электронии шаҳрвандон як чанд далели қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, махсусан таваққуфи нодурусти воситаи нақлиёт, ки боиси халалдор гаштани ҳаракати дигар шаҳрвандон гаштаанд, муайян карда шуда, нисбати ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Чунончӣ, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Ренҷ Ровер», рақами қайди давлатиаш 7574МК01, Абдурауфов Меҳроҷ Раҷабалиевич, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи К.Ҳуҷандӣ воситаи нақлиёти худро дар кӯчаи Рӯдакӣ ба таври нодуруст таваққуф намуда, ба шаҳрвандон монеагӣ эҷод намудааст.
Ба ҳамин монанд, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 1771ВН01, Эгамбердиев Умед Бахтиёрович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе нақлиёти худро дар кӯчаи Ш.Ҳусейнзода дар болои сафолакҳои ороишии роҳи пиёдагард гузоштааст.
Инчунин, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота Кемрӣ», рақами қайди давлатиаш 9428ОТ01, Абдуғаффоров Абдулло Мирзодавлатович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ таваққуфи нодуруст намуда, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеагӣ эҷод намудааст.
Ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «BYD», рақами қайди давлатиаш 5322ТТ09, Камолов Рустам Рашидович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе ҳолати хатарнокро ба вуҷуд оварда, нақлиёти худро ба муқобили самт идора намудааст.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур, нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаиҳои 324, 325 ва 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ татбиқ карда шуданд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе