Баргузории қабули сайёри муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ
Дар доираи нақша чорабиниҳои тасдиқ гардида, ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар маҳаллаҳои пойтахт қабули сайёри муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон гузаронида мешавад.
Ин ҳафта низ кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ бо сокинони маҳаллаҳои Қӯҳдоман ва Азизбеков мулоқот намуда, оид ба татбиқи Ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷроиши қонунҳои амалкунанда суханронӣ намуданд. Иқдоми мазкур дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад, ки он метавонад ба беҳтар гардидани савияи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намояд.
Зимни мулоқот дар баробари ҳисоботи нозирони минтақавии милитсия, ҳамзамон муроҷиат, пешниҳод ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон қабул карда шуданд. Шаҳрвандон низ, иброз намуданд, ки сол то сол фаъолияти милитсия беҳтар гардида, эътимоду боварӣ ба мақомоти милитсия ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон афзоиш ёфтааст.
Баргузории чунин қабули сайёри муроҷиатҳои шаҳрвандон минбаъд дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе низ баргузор карда хоҳад шуд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе