7-шабонарӯз ҳабси ҷавони 21-сола

7-шабонарӯз ҳабси ҷавони 21-сола

  Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҷиҳати риояи одоби истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳн накардани наворҳои ғайриахлоқию пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ, мутаассифона боз нафароне ҳастанд, ки ба такрор чунин амалҳоро иҷро мекунанд.
  Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Ҳимматзода Ҳабибулло Убайдулло, соли таваллудаш 18.08.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев барои паҳн кардани чунин наворҳо дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани наворҳои дорои алфози қабеҳ ва паст задани талаботи қарору қонунҳои кишвар машғул аст. Гарчанде номбурда қаблан барои чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида бошад, ҳам вале амалу рафтори худро ислоҳ накардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳимматзода Ҳабибулло тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз таъин карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin