• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси дубораи ҷавони 19-сола барои паҳн кардани наворҳои бадахлоқона
Ҳабси дубораи ҷавони 19-сола барои паҳн кардани наворҳои бадахлоқона

Ҳабси дубораи ҷавони 19-сола барои паҳн кардани наворҳои бадахлоқона

  Як қатор шаҳрвандон, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки барои дағалгуфторӣ нисбати паҳнкунандагони ин навор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Раҳимзода Ҷаҳонгир Ҳамид, санаи таваллудаш 08.01.2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Дониш ва Рӯзиева Аниса Азизовна, санаи таваллудаш 18.01.2006, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Сино, дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» навори дорои алфози қабеҳро нашр намудаанд.
  Гарчанде қаблан барои паҳн намудани чунин наворҳои дорои алфози ғайриахлоқӣ, нисбати дастгиршуда Раҳимзода Ҷаҳонгир ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, расман огоҳонида шуда бошад ҳам, вале ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз санаи 15-уми январи соли ҷорӣ бо ҳамроҳии Рӯзиева Аниса чунин навор омода карда, тавассути шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” паҳн намудаанд, ки ин амали номбурдагон боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати Раҳимзода Ҷаҳонгир ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз ва нисбати Рӯзиева Аниса ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин намуд.
  Бо назардошти ҳолати мазкур мақомоти милитсияи пойтахт бори дигар ҳамаи он нафароне, ки ба омода ва нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғуланд, огоҳ карда мешаванд, ки талаботи қонунгузориро риоя намуда, урфу одат ва ҳувияти милливу фарҳангиро пос доранд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin