• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш: нисбати гумонбари муноқиша парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст
Вокуниш: нисбати гумонбари муноқиша парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст

Вокуниш: нисбати гумонбари муноқиша парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шикояти электронии як нафар сокини пойтахт, ки тавассути шабакаи иҷтимоии «Фейсбук», ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намудааст, мавриди баррасӣ қарор дода чунин иттилоъ медиҳад.
  Санаи 18 декабри соли 2023, тахминан соати 19:30 дақиқа, дар кӯчаи Н.Қарабоев, назди бинои №7, шаҳрванд Абдуразоқозода Исмоили Саймуртазо, санаи таваллудаш 16.12.1999, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Н. Қарабоев ва Салоҳидинов Адҳам Абдуҳамидович, санаи таваллудаш 26.05.1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи мазкур, аз сабаби таваққуфи нодурусти воситаи нақлиёт дар назди бинои истиқоматӣ бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Тибқи санади тиббӣ-судӣ таҳти №7615 аз 22 декабри соли 2023 ҷароҳатҳои ҷисмонии дар бадани Салоҳидинов Адҳам ба монанди хароша ва хуномосҳо ҳамчун ҷароҳатҳои бо расонидани зарари саломатӣ ҳамбастагӣ надошта, мансуб дониста шудааст.
  Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҳолати мазкур пурра мавриди санҷиш қарор дода шуда, сабабу омилҳои сар задани муноқиша муайян карда шудааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, санаи 25-январи соли 2024 аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ, нисбати Абдуразоқозода Исмоили Саймуртазо тибқи талаботи моддаи 237 Кодкси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin