• Home »
  • ХАБАР »
  • 7-шабонарӯз: Ҳабси ҷавони 19-сола, барои паҳн намудани наворҳои бадахлоқона
7-шабонарӯз: Ҳабси ҷавони 19-сола, барои паҳн намудани наворҳои бадахлоқона

7-шабонарӯз: Ҳабси ҷавони 19-сола, барои паҳн намудани наворҳои бадахлоқона

  Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ низ тартиби муайян ва одоби махсуси худро дорад. Ҳар навор ва суханони ғайриахлоқӣ, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ нашр гардида, боиси ба таври оммавӣ паст задани шаъну шарафи дигарон мегардад, ҷавобгарӣ дар пай дорад.
  Гарчанде қаблан аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванд Раҳимзода Ҷаҳонгир Ҳамид, санаи таваллудаш 08.11.2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, ҷиҳати паҳн накардани наворҳои дорои алфози қабеҳ ва пасткунандаи шаъну шарафи дигарон огоҳонида шуда бошад ҳам, вале номбурда ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, пайи ҳам даст ба чунин қонуншиканӣ задааст.
  Номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграмм» саҳифаи худро кушода, пайваста наворҳои дорои алфози қабеҳу таҳқиркунанда ва бадномкунандаи шаъну шарафи инсониро паҳн мекард.


  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Раҳимзода Ҷаҳонгир барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия, тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи И.Сомонӣ ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин намуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin