• Home »
  • ХАБАР »
  • Бартараф намудани фурӯшгоҳи худсарона сохташуда
Бартараф намудани фурӯшгоҳи худсарона сохташуда

Бартараф намудани фурӯшгоҳи худсарона сохташуда

  Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамаи муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба таври фаврӣ мавриди санҷишу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, дар асоси талаботи қонунгузорӣ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.
  Аз ҷумла, муроҷиати электронии шаҳрванд Қодиров Салом, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино кӯчаи А.Навоӣ, ки ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба худсарона дар назди бинои истиқоматии номбурда гузоштани хоначаи худсохт ва ташкили фурӯшгоҳи маҳсулоти хурокворӣ, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуд, бевосита зери назорати роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт мавриди санҷиш қарор дода шуд.


  Қобили зикр аст, ки ин фурӯшгоҳ ба шаҳрванд Раҳмонова Гулсара Одинаевна тааллуқ дошта, новобаста аз он ки ҷиҳати бартараф намудан ва ё ба расмият даровардан соҳибмулк аз ҷониби нозири минтақавии милитсия расман огоҳонида шуда бошад ҳам, вале номбурда ба фаъолияти худ идома дода, беэътиноӣ зоҳир намудааст.
  Бо назардошти ҳолати мазкур, бо тартиб додани санад ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ санаи 11-уми январи соли 2024 фурӯшгоҳи мазкур бартараф карда шуда, макони ҷойгиршавии он ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin