• Home »
  • ХАБАР »
  • Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ: суистифодаи кӯдакони хурдсол бо мақсади ба даст овардани маблағ
Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ: суистифодаи кӯдакони хурдсол бо мақсади ба даст овардани маблағ

Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ: суистифодаи кӯдакони хурдсол бо мақсади ба даст овардани маблағ

  Новобаста аз надоштани шароити хуби зиндагонӣ, набояд бо мақсади ба даст овардани маблағ, кӯдакони хурдсолро ранҷу азоб дода, аз ҳолати ҳузнангези онҳо суистифода намуд. Мутаассифона таҳлилҳои мақомоти милитсия ва ҳолатҳои воқеӣ бозгӯи онанд, ки баъзе аз волидайн ба хотири таъмини рӯзгор ва ба даст овардани маблағ аз кӯдакони хурдсоли худ суистифода менамоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз чунин афрод бо чунин тарз ба даст овардани маблағро ба худ касб намудаанд. Кӯдакони хурдсолро дар ароба шинонда, дар ҳавои сард дар роҳҳои мошингард ба ҷамъоварии маблағ машғуланд.
  Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баргузории корҳои санҷишӣ ду нафар чунин волидайн муайян карда шуд.
  Аз ҷумла, шаҳрванд Алимов Аҳлиддин Исмонқулович, санаи таваллудаш 28.05.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимов, се фарзанди хурдсоли худро дар ароба шинонда, дар роҳи мошингарди маҳаллаи Гипрозем ба ҷамъоварии маблағ машғул аст.

  Инчунин, шаҳрванд Аминзода Меҳринисо Фирӯзовна, санаи тваллудаш 30.01.2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимов, ки соҳиби ду фарзанд мебошад, ӯ низ ҳар ду кӯдаки хурдсоли худро дар ароба гирифта, бо чунин васила аз шаҳрвандону атрофиён талаби кӯмак менамуд.


  Воқеан истифодаи кӯдакони хурдсол ва онҳоро ҳамчун василаи даромад қарор додан, хилофи ҳама гуна арзишҳои инсонӣ буда, дар доираи қонунгузорӣ низ ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур, нисбати номбурдагон аз ҷониби кормандони милитсия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амал даст назадан ба таври расмӣ огоҳонида шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin