Сӯиқасд ба одамкушӣ: боздошти марди 36-сола

Сӯиқасд ба одамкушӣ: боздошти марди 36-сола

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 47-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 31-уми августи соли 2023, тахминан соати 01:10-дақиқа, духтараш зани 29-солаи сокини ҳамин ноҳияро дар хонаи истиқоматиаш, ҳамсараш марди 36-сола, бо корд якчанд маротиба ба узвҳои махсусан муҳими баданаш зарба задааст.
  Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрванд Калонов Бобоҷон Баширхонович, санаи таваллудаш 10.09.1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино маҳалаи Обчакорон дастгир карда шуд.
  Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin