Истиқлол – дастоварди арзишмандтарини миллати тоҷик

Истиқлол – дастоварди арзишмандтарини миллати тоҷик

  Бахшида ба таҷлили Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ ва дар доираи маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
  Дар ин чорабинӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, сиёсатшинос Абдулло Раҳнамо, раиси Шӯрои собиқадорони милитсияи пойтахт Неъматов Раҳматшо, роҳбарият ва собиқадорону ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он ширкат намуданд.


  Сардори мақомоти милитсияи пойтахт зимни суханронӣ ҳозиринро бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ сидқан шодбош гуфта, ба онҳо зиндагонии орому осоишта ва барору комёбиҳо таманно намуд.
  Номбурда таъкид дошт, ки Истиқлол дастоварди пурарзиштарини мардуми куҳанбунёд ва тамаддунсози миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, натиҷаи талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи бонангу номус ва шарафманди миллати тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонӣ мебошад.
Натиҷаи сиёсати хирадмандона, фаъолияти пурсамар ва талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Ватани азизу маҳбубамон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва рӯзгори осоиштаи шаҳрвандон таъмин мебошад.


  Дар ҷараёни чорабинии мазкур сиёсатшинос Абдулло Раҳнамо оид ба муҳиммияти ҳифзи истиқлоли давлатӣ, масири муборизаҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик барои расидан ба озодӣ ва бунёди давлати мустақил, пос доштан ва ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани ин дастовари бузурги миллӣ маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
  Номбурда таъкид дошт, ки таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтарин ва боарзиштарин ҳодисаи таърихии давлатдории муосири миллати тоҷик ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз ҳифзи арзишҳои миллӣ, махсусан пойдор нигоҳ доштани соҳибистиқлолии кишвар масъалаи басо муҳими ҳаётӣ арзёбӣ мегардад. Вобаста ба ин таъкид карда шуд, ки ҳар як нафар бояд барои пешрафту тараққиёт ва устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ саҳми арзишмани худро гузорад.


  Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар давоми соҳибистиқлолӣ марҳилаи давлатсозиро пушти сар намуда, ҳоло марҳилаи пешрафту рушди устувор фаро расидааст. Дар ин марҳилаи давлатдорӣ ҷиҳати суръат бахшидани пешрафту тараққиёт ва муаррифии шоистаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ аз ҳар як нафар масъулияти ҷиддӣ ва баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд.
  Дар ҷараёни чаласаи мазкур Раиси Шӯрои собиқадорони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Неъматов Раҳматшо низ суханронӣ намуда, аз талошу заҳмат ва ҷонфидоиҳои собиқадорони милитсия дар солҳои тақдирсоз барои миллати тоҷик ёдоварӣ намуд.


  Қобили зикр аст, ки фаъолияти шабонарӯзии кормандони мақомоти милитсия дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар қадрдонӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар арафаи таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-нафар кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.
  Ҳамзамон, зиёда аз 90-нафар кормандони милитсияи шаҳри Душанбе барои хизматҳои содиқонаву софдилона ва натиҷаҳои назарраси хизматӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаи Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин бо Сипосномаю Раҳматномаҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin