• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқоти кории ҳайатҳои дуҷонибаи милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкини Ҷумҳурии халқии Чин
Мулоқоти кории ҳайатҳои дуҷонибаи милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкини Ҷумҳурии халқии Чин

Мулоқоти кории ҳайатҳои дуҷонибаи милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкини Ҷумҳурии халқии Чин

  Санаи 8 август дар доираи сафари корӣ ҳайати расмии намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Суи Ҷумҳурии мардумии Чин, таҳти роҳбарии муовини Департаменти мазкур ҷаноби Инг Сунфу ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо фаъолият ва шароити кории кормандони мақомоти милитсияи пойтахт шиносоӣ пайдо намуданд.
  Нахуст дар доираи боздид аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сардори мақомоти милитсияи пойтахт, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ҳайати меҳмононро бо воситаҳои нақлиёте, ки дар доираи муносибатҳои дуҷониба аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе тақдим гардидаанд, шинос намуд.


  Номбурда зимни суҳбати худ иброз дошт, ки дар доираи ҳамкориҳои стратегии сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин бо шаҳри Душанбе муносибатҳои дӯстонаи ҳамкориҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, имрӯзҳо робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкориҳои низомии дуҷониба тақвият ёфта истодааст.
  Дар ин замина дар доираи санадҳои баимзорасидаи байни вазоратҳои ду кишвар сафарҳои кориву мулоқотҳои дуҷониба ба роҳ монда шудааст, ки ин метавонад дар табодули таҷриба ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандони милитсия мусоидат намояд.
  Дар идомаи боздид, ҷонибҳо дар толори Раёсат мулоқоти дуҷониба доир намуда, дар ҷараёни он ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ошкорсозии ҷиноятҳои кибернетикӣ ва қаллобӣ тавассути интернет, баргузории чорабиниҳои профилаткикӣ-фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робита бо мардум, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он байни ҳам мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамдигар дар самтҳои болозикргардида табодули афкор намуданд.


  Ҳамзамон ҳайати намояндагони политсияи шаҳри Нанкин аз ҷараёни сохтмони бинои 10-ошёнаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шоносоӣ пайдо намуда, омодагии худро ҷиҳати расонидани кумакҳои техникӣ иброз намуданд.

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin