• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти марди 44-сола барои иҷрои ҳаракатҳои ғайриахлоқона
Боздошти марди 44-сола барои иҷрои ҳаракатҳои ғайриахлоқона

Боздошти марди 44-сола барои иҷрои ҳаракатҳои ғайриахлоқона

  Шоми 20-уми августи соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳаракатҳои ғайриахлоқонаи як нафар мард нисбати духтараки хурдсол инъикос ёфтааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, бо гузашти ҳамагӣ чанд соат марди дар навор инъикосёфта дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
  Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Назархудоев Авазбек Саидтабарович, санаи таваллудаш 18.05.1979 сокини ноҳияи Шуғнони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin