Садамаи автомашинаи мусофирбар

Садамаи автомашинаи мусофирбар

  Мутаассифона дар бештари маврид баъзе аз ронандагон, махсусан баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар одитарин қоидаҳои ҳаркат дар роҳро риоя накарда, ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд.
  Аз ҷумла, санаи 04.07.2023, тахминан соати 12:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 4538ТТ09, шаҳрванд Ҳакимов Изатулло Акбарович, ки дар хатсайри №88 ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул аст, ба садама дучор гашт. Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда зимни ҳаракат дар кӯчаи Н.Қарабоев аз қатори дуюм ба самти чап гардиш намуда, ба автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ», рақамҳои қайди давлатиаш 0019ZJ01, ки бо роҳи худ ҳаракат дошт, бархурдааст.   Дар натиҷа автомашинаи тамғаи «Спринтер», ки дар дохилаш мусофирон ҳузур доштанд, чаппа шудааст.
  Хушбахтона дар натиҷаи ин садама ягон нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур айни замон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin