Боздошти ронандаи фирорӣ

Боздошти ронандаи фирорӣ

  Санаи 23-юми июли соли ҷорӣ, тақрибан соати 5:10 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ, аз самти кӯчаи А.Деҳотӣ ба самти кӯчаи С.Шерозӣ як нафар зани 54-сола, корманди корхонаи коммуналии ноҳияи Фирдавсиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
  Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
  Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, муайян карда шуд, ки садамаи мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди давлатиаш 1967RT01 шаҳрванд Раҷабов Умарҷон Тоҷиддинович, санаи таваллудаш 30.07.2001, сокини шаҳри Душанбе содир намудааст. Номбурда, баъд аз садамаи нақлиётӣ бо мақсади озод шудан аз ҷавобгарӣ воситаи нақлиёти худро ба кӯчаи Қаҳҳоров бурда пинҳон кардааст.


  Айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дошта, ронанда-Раҷабов Умарҷон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin