Боздошти ронандаи фирорӣ

Боздошти ронандаи фирорӣ

  Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ навори садамаи нақлиётие нашр гардид, ки гуфта мешавад ронандаи воситаи нақиёти тамғаи «Тайота» пиёдагардеро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 16-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 17:32 дақиқа рух додаааст, ки аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе, ҳамчун садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи санҷиш ронандаи фирорӣ боздошт карда шуд.


  Муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Камрӣ», рақамҳои қайди давлатиаш 5551АS01 шаҳрванд Сатторов Илҳомҷон Алимаҳмадович, санаи таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи Навобод, як нафар марди 64-солаи роҳгузарро бо қисмати пеши автомашинаи худ пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
  Ҷабрдида худи ҳамон лаҳза аз ҷониби шаҳрвандон ба беморхона дастрас карда шуда, ёрии тиббӣ расонида мешавад, ки хушбахтона ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ набардоштааст.


  Вобаста ба ин, нисбати ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin