• Home »
  • ХАБАР »
  • Санҷиши навори «облава» дар Донишгоҳи тиббӣ

Санҷиши навори «облава» дар Донишгоҳи тиббӣ

  Аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргарда, оид ба тариқи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 29-уми майи соли ҷорӣ, дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб бо мақсади ҷалби хоҳишмандон ба хизмати ҳарбӣ бо хатмкунандагони донишгоҳи мазкур мулоқот доир намудаанд. Дар натиҷаи нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ баъзе аз донишҷӯён мулоқотро тариқи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудан гумон карда, бетартибӣ намудаанд.
  Вобаста ба ин, ҷиҳати нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ки боиси ба миён омадани норозигиҳо гардидааст, ба амалкарди масъулони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб эроди ҷиддӣ гирифта шуд. Ҳамзамон бо хатмкунандагони донишгоҳи мазкур, бо мақсади баъди хатми донишгоҳ адо намудани хизмати Модар-Ватан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
  Дар ин замина расман ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки нақшаи шаҳри Душанбе ҷиҳати ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷабл намудани наваскарон пурра иҷро шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin