• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти марди 32 сола барои бадрафторӣ нисбати собиқ ҳамсар
Боздошти марди 32 сола барои бадрафторӣ нисбати собиқ ҳамсар

Боздошти марди 32 сола барои бадрафторӣ нисбати собиқ ҳамсар

  Як нафар зан, сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намудааст, ки нисбати собиқ шавҳараш чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда пайваста ӯро дашному ҳақорат намуда, мавриди озор қарор медодааст.
  Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Илҳомҷони Саъдулло санаи таваллудаш 01.01.1991, зодаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти Анористон, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Навбаҳор дастгир карда шуд.
  Мавриди зикр аст, ки гарчанде аз ҷониби кормандони милитсия нисбати номбурда қаблан ду маротиба барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъхмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шуда бошад, ҳам вале номбурда кирдорҳои зиддиҳуқуқии худро ислоҳ накарда, такроран санаи 27-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 15:00 дақиқа, дар ҳолати мастӣ, ҳангоми дар маҳаллаи Сомон қарор доштанаш, собиқ ҳамсари худро дашному ҳақорат намуда, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.
  Айни замон, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намаудани Илҳомҷони Саъдулло, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin