Ҳодисаи нохуш
28 апрели соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ “Соро Ойл”, дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе ҳангоми холӣ кардани гази моеъ, сӯхтор ба амал омад, ки аз тарафи кормандони хадамоти оташнишонӣ дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Дар натиҷаи ин сухтор як нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Зарар ва омилҳои сӯхтор аз ҷониби мутахассисон муайян карда мешавад.