Рейду корҳои фаҳмондадиҳӣ дар хатсайри №19

Рейду корҳои фаҳмондадиҳӣ дар хатсайри №19

  Нобаста аз он ки танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт тааллуқ дошта, ҳамзамон дар сохтори ҳамаи ширкатҳои мусофирбар шахсони масъул ҷиҳати назорати фаъолияти ронандагон кору фаъолият доранд, вале шаҳрвандон бо мушоҳидаи ҳама гуна амалҳои ғайрикасбии ронандагони мусофирбар ба мақомоти милитсия муроҷиат менамоянд. 

  Вобаста ба ин, кормандони Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии қоидавайронкуниҳо пайваста рейду корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор менамоянд. 

  Ин навбат, дар асоси муроҷиати видеоии як нафар шаҳрванд, ки аз хизматрасонӣ ва таваққуфи нодурусти ронандагони хатсайри 19, дар назди бозори “Кӯшониён” ба мақомоти милитсия шикоят намуд, рейду корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоти судманд бо ронандагон ва масъулини хатсайри мазкур гузаронида шуд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни амалиёт нисбати як қатор ронандагони қонуншикан, аз ҷумла, ронандагоне, ки дар навори аз ҷониби шаҳрванди муроҷиаткунанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, ҳолати қоидавайронкунии ронандагон баръало инъикос ёфтааст, тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.

Инчунин, зимни мулоқот ҳамаи ронандагон ба таври қатъӣ ҷиҳати риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва анҷом додани хизматрасонии босифати мусофиркашонӣ, расман огоҳонида шуда, масъулиятнокии нозирони бехатарии ҳаракат дар роҳ пурзӯр карда шуд.

Баргузории чунин рейдҳои санҷишӣ ва мулоқоти судманд бо ронандагони дигар хатсайрҳои мусофиркашонӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin