• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ҷавони 19 сола дар натиҷаи санҷиши навори дар интернет нашр гардида
Боздошти ҷавони 19 сола дар натиҷаи санҷиши навори дар интернет нашр гардида

Боздошти ҷавони 19 сола дар натиҷаи санҷиши навори дар интернет нашр гардида

Дар натиҷаи санҷиши навори дар интернет нашр гардида, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Мирзоалиев Умедҷон Ҷамшедович санаи таваллудаш 01.08.2004, зодаи ноҳияи Восеъ муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Қобили зикр аст, ки санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки ҷавондухтаре аз бадрафтории як нафар ҷавонписар шикоят намуда, аз мақомоти милитсия дархост намуд, ки вобаста ба ҳолати мазкур чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои санҷишӣ муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 8-уми апрел, тахминан соати 8:30 дақиқа дар кӯчаи М.Турсунзода рух додааст.

Дастгиршуда Мирзоалиев Умедҷон зимни пурсиш худро гунаҳгор ҳисобида, иброз намуд, ки дар ҳақиқат нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда бе ягон сабаб бадрафторӣ намуда, шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Айни замон, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin