Боздошти ронандаи «Мерседес»

Боздошти ронандаи «Мерседес»

  Дар асоси навори як нафар шаҳрванд, ки тавассути шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» ба унвонии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намуд, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия шаҳрванд Аброров Ифтихор Ибодуллоевич, санаи таваллудаш 03.09.1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» рақамҳои қайди давлатиаш 0506СК01 боздошт карда шуд.
  Чуноне аз навори ирсолнамудаи шаҳрванд дида мешавад, ду нафар зан худро аз тирезаи болоии (люк) автомашинаи мазкур ба берун бароварда, бо амалу ҳаракат ва ишораҳои ғайриахлоқона, ҳамзамон бо садои баланд тартиботро халалдор сохтаанд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Аброров Ифтихор тавассути автомашинаи худ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул буда, ҳодисаи мазкур санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ рух додааст. Ба иттилои номбурда, ҳангоми хизматрасонии мусофирбарӣ ба 4-нафар шаҳрванд, ки зоҳиран дар ҳолати мастӣ қарор додаштаанд, ду нафар ҷавонзан қисме аз бадани худро аз тирезаи болоии автомашина ба берун бароварда, тартиботро вайрон ва ҳолати хатарнокро ба вуҷуд овардаанд.


  Ин амал чандин маротиба такрор ёфта, боиси норозигии шаҳрвандон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ гаштааст. Ронанда-Аброров Ифтихор ба ин амалкарди мусофирони худ беаҳамиятӣ намуда, эроди ҷиддӣ нагирифтааст, ки номбурдагон ҳаракати худро идома додаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда-Аброров Ифтихор барои бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидан тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin