Баррасии муроҷиати шаҳрванд

Баррасии муроҷиати шаҳрванд

  Муроҷиати фейсбукии як нафар модар дар бораи аз ҷониби ду нафар ҷавон мавриди лату куб қарор гирифтани фарзандаш мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
  Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман иттилоъ медиҳанд, ки санаи 24-уми апрели соли ҷорӣ, тақрибан соати 22:00 шаб дар асоси хабари фаврӣ кормандони милитсия дарҳол ба кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Сино, назди мағозаи хуроквории «Изюм» ҳозир гардидаанд. Дар натиҷа муайян гардид, ки аз ҷониби ду нафар ҷавон фурушандаи мағозаи мазкур, шаҳрванд Шарифов Алиҷон Аъзамович, санаи таваллудаш 06.06.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе н.Шоҳмансур, кӯчаи С.Айнӣ мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.
  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ шаҳрванд Салимов Салимҷон Сайкомилович, санаи таваллудаш 13.07.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Қосимӣ 7 дастгир карда шуд. Ҳамзамон шахсияти ҳаммаслакаш ба мақомоти милитсия муайян буда, айни замон бо мақсади дастгир намудани ӯ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷараён дорад.


  Зимни санҷиши пешакӣ муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда Салимов Салимҷон, ҳамчун тақсимкунандаи маҳсулоти хурокворӣ фаъолият намуда, соҳибмулки мағозаи мазкур аз ӯ маблағи муайяне қарздор мебошад. Номбурда бо мақсади бозпас гирифтани маблағи худ ба мағозаи «Изюм» рафтааст, аммо фурӯшандаи мағоза-Шарифов Алиҷон бо ӯ дағалона муносибат намуда, дар натитиҷа ҳамдигарро дашномҳои қабеҳ додаанд.
  Чуноне аз навори камераҳои назоратии ҷойи ҳордиса бармеояд, гумонбаршаванда Салимов Салимҷон бо ҳамроҳии ҳаммаслакаш, бо ҷабрдида муноқиша намуда, ӯро бо мушт лату куб намудаанд. Дар натиҷа ҷабрдида-Шарифов Алиҷон ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Ҳамзамон ҷиҳати дастгир намудани нафари дуюми гумонбаршаванда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin