Тамошои кормандони милитсия аз ёдгориҳои осорхонаи ВКД

Тамошои кормандони милитсия аз ёдгориҳои осорхонаи ВКД

  Рӯзи 2-юми феврал ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз намоиши дастовард ва ёдгориҳои таърихии осорхонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Кормандони милитсия дар баробари шиносоӣ пайдо намудан аз масири таърихии ташаккулёбии мақомоти милитсияи тоҷик, ҳамзамон ба тарзу усулҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он дар давраҳои гуногуни таърихӣ, ҷоннисориҳои кормандони далеру шуҷоъи милитсия бархурдор гардида, ба худ ғизои маънавӣ бардоштанд.


  Қобили зикр аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш таъкид намудаанд, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии кормандони милитсия нақша-чорабиниҳо таъсис дода, силсила вохуриву мулоқотҳои судманд ва тамошои осорхонаву маконҳои таърихии кишварро ба роҳ мондааст.


  Воқеан ташкили чунин тамошои дастаҷамъонаи осорхонаву ёдгориҳои таърихӣ, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таърихӣ ва ҷоннисориву қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷиканд, рӯҳияи меҳанпарастиву хештаншиносии инсонро баланд мебардорад. Бо ин мақсад минбаъд низ, тамошои дастаҷамъонаи маконҳои таърихӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуда аст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin