• Home »
  • Баромадҳо »
  • Шарҳи Паём: ташкили маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ» дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Шарҳи Паём: ташкили маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ» дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳи Паём: ташкили маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ» дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

  Бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи Ватандӯстии шаҳрвандон», ки аз 24-уми декабри соли 2022, таҳти рақами №1920 қабул гардидааст, дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе маҳфили доимоамалкунандаи «Маърифати Ватандӯстӣ» ташкил карда шуд.
  Мақсад аз ташкили ин маҳфил пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандону кормандони милитсия, тарбияи ҳуқуқии онҳо, дуруст дарк ва иҷро намудани қарзи хизматию шаҳрвандӣ ва иштироки фаъолона дар таъмини амнияти кишвар мебошад.
  Санаи 20-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, нахустин маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ» доир гардид.


  Дар чорабинии мазкур, Шоҳмурод Рустам, Раиси кумита оид ба мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Раҷабзода Равшан Муҳитдин, Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, Абдуллоҳи Раҳнамо, сардори раёсати робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Умарҷони Эмомалӣ, муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияту ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт ширкат намуданд.


  Раҷабзода Равшан Муҳитдин зимни суханронии худ аз нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода, баён дошт, ки Паёми сарвари давлат ҳамчун санади раҳнамунсоз тамоми самтҳои фаъолияти ҷамъиятиро дарбар гирифта, моро ба самти пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ мекунад. Чуноне номбурда таъкид дошт, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон махсус таъкид намудаанд: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромуш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеъа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «Ватандӯстӣ ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».
  Дар ҷараёни мулоқот, Шоҳмурод Рустам Раиси кумита оид ба мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, моҳият ва зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.


  Чуноне номбурда таъкид намуд, дар замони муосир, ки равандҳои пуртазоду зудтағйиёбанда ва бархурди манфиатҳо то рафт доман паҳн намудааст, баланд бардоштани дарку фаҳмиши воқеии ватандориву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тамомияти арзиву сохтори давлатдорӣ моҳияти аввалиндараҷа касб намудааст. Дар ин замина миллати фарҳангсолори тоҷикро мебояд, зери ливои сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, давлату миллати хешро ҳифз намоянд.
  Иштирокчии дигари маҳфили «Маърифати ватандӯстӣ», сиёсатшинос-Абдуллоҳи Раҳнамо зимни андешаронии худ таъкид намуд, ки арзиши мафҳуми ватандӯстӣ барои тоҷикон эҳсоси ирсӣ, меросӣ, таҷрибавӣ ва ҳам таърихист. Дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Азбаски ҷаҳони мутамаддин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, бояд ҳар як нафар бо эҳсоси воқеию амалӣ Ватани хешро дӯст дорад ва барои пешрафту тараққиёт ва ҳифзи амнияти он ҷони худро фидо созад.


  Дар қисмати хотимавии маҳфили мазкур Умарҷони Эмомалӣ доир ба эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва қаҳрамонию ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки маҳз он ҳама талошу заҳматҳои шабонарӯзии ҷавонмардони ҳақиқист, ки имрӯз мо дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем.


  Чуноне таъкид гардид, маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ», доимоамалкунанда буда, ҳар ҳафта бо даъвати шахсиятҳои барӯманди кишвар дар бинои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin