Муайян ва ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

Муайян ва ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 60-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2021, марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллион рубли русиро гирифта, аз ин маблағ 490 ҳазорашро баргардонида, боқимонда маблағи 510 ҳазорро то ҳол барнагардонидааст.
  Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2022, ҷавонзани 22-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-13» ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон Х-10», инчунин маблағҳои пулиро мутаносибан гирифта, ба номбурда, ба маблағи 67 ҳазору 700 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
  Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 33-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2019 марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад экскватори тасмачархро ба арзиши 632 ҳазор сомонӣ қабул карда гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ошёнаи 5-ум ва 9-уми кӯчаи Меҳнати ш.Душанбе 2 манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо номбурда то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои бадастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
  Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
  Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2019 марди 56-солаи сокини ҳамин ноҳия бо маслиҳати пешакӣ бо марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 70 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
  Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin