• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷаласаи оперативӣ: натиҷагирии фаъолияти кории милитсияи пойтахт
Ҷаласаи оперативӣ: натиҷагирии фаъолияти кории милитсияи пойтахт

Ҷаласаи оперативӣ: натиҷагирии фаъолияти кории милитсияи пойтахт

  Санаи 7 уми октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи оперативӣ-хизматии мақомоти милитсияи пойтахт оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти милитсияи шаҳри Душанбе дар давраи 9 моҳи соли 2022 таҳти роҳбарии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов баргузор гардид, ки дар он роҳбарони шӯъбаву сохторҳои дастгоҳи Раёсат ва сардорони Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.


  Аз натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии пойтахт бармеояд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе дар тамоми самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи молу мулки шаҳрвандон ва оромии ҷомеа саҳми боарзиши худро гузоштаанд.
  Чуноне таъкид гардид, дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳои санҷишӣ ва мулоқоту вохуриҳои судманд, содиршавии ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар давоми 9-моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон 94-ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42-адад ва ё 30,8% кам мебошад. Ҳамзамон дар ин муддат дар ҳудуди пойтахт содиршавии ҷиноятҳои гурӯҳӣ бо истифодаи яроқи сард аз ҷониби ин қишри ояндасози ҷомеа умуман ба қайд гирифта нашудааст, ки ин нишондиҳандаи натиҷаи хуби баргузории амалиёти шартии «Корд» ба шумор меравад.


 

 Ҳамчунин дар ҷаласаи ҷамъбастӣ таъкид карда шуд, ки дар ин давраи ҳисоботии соли 2022 дар ҳудуди пойтахт ҷинояткорӣ миёни ҷавонон низ ба андозаи 18,2% коҳиш ёфтааст, ки ин аз баланд гардидани маърифати ҳуқуқиву шаҳрнишинӣ ва маданияту фарҳанги шаҳрдорӣ миёни ин табақаи пешбарандаи ҷомеа шаҳодат медиҳад.
  Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур ҳамзамон як қатор масъалаҳои дигар, махсусан вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таваққуфи нодуруст дар қатори дуюму сеюми роҳ ва ба ин тартиб ба таври сунъӣ ба миён овардани тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва дигар мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати сари вақт бартарафсозии он ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin