• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш: татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати падар барои озори кӯдаки хурдсол
Вокуниш: татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати падар барои озори кӯдаки хурдсол

Вокуниш: татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати падар барои озори кӯдаки хурдсол

  Санаи 10-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби падар мавриди лату куб қарор гирифтани кӯдаки хурдсол инъикос ёфтааст. Чунин амали падар мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ қарор гирифта, аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ гардиданд.
  Дар натиҷаи пешбурди як қатор корҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки марди дар навор инъикосёфта шаҳрванд Одинаев Зикриё Гулмадович, санаи таваллудаш 18.02.1975, зодаи н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буда, муваққатан истиқоматкунандаи н.Фирдавсӣ кӯчаи М.Маҳмадалӣ мебошад.
  Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда аз ҳамзистӣ бо собиқ ҳамсари худ соҳиби 4-фарзанд гардида, бинобар сабаби нофаҳмиҳои оилавӣ аз ҳам ҷудо ва 2-фазанди хурдсол зери тарбия ва нигоҳубини ӯ қарор доранд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Одинаев Зикриё маводҳои лозима тартиб дода шуда, бинобар сабаби зери тарбия ва таъминоти ӯ қарор доштани кӯдакони хурдсол ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, ҷиҳати такрор наёфтани чунин ҳолат ва таъминоту тарбияи шоистаи фарзандон ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin