Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии зани 34-солаи сокини ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 225 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз шаҳри Душанбе манзили истиқоматии 2-ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Нисбати гумонбаршавнда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin