Дуздии ҷавоҳирот аз хонаи истиқоматӣ

Дуздии ҷавоҳирот аз хонаи истиқоматӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 18-уми июли соли 2022, тахминан соати 21:39-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо як миқдор ҷавоҳироти тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 36 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
  Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Темурмалик ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin