• Home »
  • ХАБАР »
  • Шанбегии навбатии кормандони милитсияи пойтахт дар кӯчаи Асадулло Ғуломов
Шанбегии навбатии кормандони милитсияи пойтахт дар кӯчаи Асадулло Ғуломов

Шанбегии навбатии кормандони милитсияи пойтахт дар кӯчаи Асадулло Ғуломов

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чун ҳафтаҳои қаблӣ дастаҷамъона дар иқдоми ободу зебо гардонидани Душанбешаҳр, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардидааст, дар шанбегии навбатӣ фаъолона ширкат намуданд.

Кормандони милитсия дастаҷамъона назди биноҳои истиқоматии кӯчаи А. Ғуломови ноҳияи Синои шаҳри Душанберо аз ҳар гуна партовҳои маишӣ ва алафҳои худрӯйи бегона тоза намуда, дар ободонии як гӯшаи шаҳри Душанбе саҳми худро гузоштанд. Ҳамзамон аз ҷониби сокинони кӯчаи мазкур низ баргузарии чунин шанбегиҳои дастаҷамъӣ ҳамовозӣ пайдо намуда, шаҳрвандон низ ҷиҳати риояи одоби шаҳрдорӣ, ободу зебо гардонидани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар иқдомҳои созандаи шаҳрдорӣ саҳми худро мегузоранд.

Чунин шанбегиҳои дастаҷамъӣ минбаъд низ аз ҷониби кормандони милитсия баргузор карда хоҳад шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin