• Home »
  • ХАБАР »
  • Таркиши зарфи гази моеъ дар Қаҳвахонаи “Лола”
Таркиши зарфи гази моеъ дар Қаҳвахонаи “Лола”

Таркиши зарфи гази моеъ дар Қаҳвахонаи “Лола”

Бар асари риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ соати 09:20 дақиқаи рӯзи 20 июни соли 2022 дар  Қаҳвахонаи “Лола”, воқеъ дар хиёбони Рӯдаки 13-и шаҳри Душанбе, таркиши зарфи гази моеъ ба вуқуъ омода, дар масоҳати 5 метри мураббаъ дохили қаҳвахонаро оташ фаро гирифт.

Дар натиҷа 1 нафар шаҳрванд ҷароҳати сӯзиши бадан бардоштааст.

Қаҳвахона ба соҳибкор Муродалиев Додхоҳ Саидқулович, соли таваллудаш 15 июни соли 1970 таалуқ дорад.

Санҷиши сабабҳои сар задани сухтор дар қаҳвахона аз тарафи СХДО ВКД ва прокуратураи шаҳри Душанбе идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin