• Home »
  • ХАБАР »
  • Рейду амалиётҳои профилактикӣ бо мақсади пешгирии ғарқшавии наврасон
Рейду амалиётҳои профилактикӣ бо мақсади пешгирии ғарқшавии наврасон

Рейду амалиётҳои профилактикӣ бо мақсади пешгирии ғарқшавии наврасон

  Дар доираи нақша чорабиниҳои тасдиқ намудаи роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон амалиёти профилактикию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои оббозӣ ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии ноболиғон дар ҳудуди кулу дарёчаҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуд.


  Қобили тазаккур аст, ки бо гарм шудани ҳаво наврасону кудакон ба оббозӣ дар кулу дарёҳо машғул шуда, дар баъзан ҳолат қоидаҳои бехатариро сарфи назар мекунанд, ки ин ҳамасола ба ҳолатҳои зиёди ғарқшавии наврасон оварда мерасонад.
  Мутаассифона дар бештари маврид бархе ноболиғон аз бемасъулиятии волидайни худ истифода бурда, ба кӯчагардӣ махсусан ба оббозӣ дар оби пур аз хошоку макони хатарнок машғуланд, ки ин амали онҳо метавонад боиси сироятёбӣ ба бемориҳои гуногун ва ғарқшавии онҳо гардад.
  Чуноне дар ҷараёни амалиёти мазкур мушоҳида гардид, баъзе аз кӯдакони хурдсол бе ҳузури волидайн ба оббозӣ машғуланд, ки ин метавонад ба саломатии онҳо ва ҳатто ғарқшавӣ оварда расонад. Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо чунин наврасон, ки дар маконҳои хатарнок ба оббозӣ машғул буданд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.


  Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман ба шаҳрвандону сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки нисбати саломатии фарзандони худ бетафовут набошанд ва нагузоранд фарзандони онҳо ба кӯчагардиву оббозӣ дар маконҳои хатарнок машғул шаванд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin