• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти марди солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекард
Боздошти марди солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекард

Боздошти марди солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекард

  Саломатӣ барои ҳар як инсон қимматтарин ганҷ аст. Мутаассифона дар ҷомеа ҳастанд баъзе нафароне, ки ба қадру қиммати ин ганҷи бебаҳо нарасида, бо нишон додани ҳолати ҳузнангези худ, бо барангехтани раҳму шафқат ба дили шаҳрвандону атрофиён мехоҳанд аз ин ҳисоб маблағу даромади муфт ба даст оваранд.
  Чуноне зимни баргузории чорабиниҳои профилактикӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҷумаев Ҳошимҷон Худоёрович, санаи таваллудаш 20.06.1976, истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон худро маъюб вонамуд карда, дар ҳудуди ноҳияи Фрдавсии шаҳри Душанбе ба талбандагӣ машғул будааст.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбуда дар асл ҷисму бозуи саломат дошта, бо мақсади ба даст овардани маблағ дар байни роҳи мошингард баромада, дар баробари худро маъюб вонамуд кардан, ҳамзамон ҳолати хатарноку садамавиро ба миён овардааст.
  Зимни пурсиш номбурда иброз намуд, ки бо ин роҳ ҳамарӯза маблағҳои гуногуне ба даст оварда, онро ба истеъмоли машрубот сарф мекардааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҷумаев Ҳошимҷон Худоёрович протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар қарори Суд нисбати номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin