• Home »
  • Баромадҳо »
  • Ҷамъбасти озмуни «хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров – китоби Тоҷикон»
Ҷамъбасти озмуни «хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров – китоби Тоҷикон»

Ҷамъбасти озмуни «хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров – китоби Тоҷикон»

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокиву сатҳи огоҳии кормандон аз таъриху фарҳанги кӯҳанбунёди миллати тоҷик ва дар ин замина арҷ гузоштан ба бузургони ниёгонамон, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ВКД шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он озмуни «хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров – китоби Тоҷикон» доир гардид.


  Озмуни мазкур дар се марҳила, нахуст дар Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои милитсияи пойтахт баргузор гардида, ғолибон дар қисмати дуюму ҷамъбастӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ширкат намуданд. Бо мақсади муайян намудани ғолибон ва сатҳи дониши иштирокчиёни озмуни мазкур донишманди соҳаи таърих, устод Сайфулло Муллоҷонов ҷалб гардида, ба ҳар як иштирокчӣ холисона баҳои сазовор гузоштанд.


  Ҳамин тариқ, 3-нафар ҳамчун ғолибони озмуни «хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров – китоби Тоҷикон» муайян карда шуданд. Аз ҷумла, старшинаи милитсия Тоирова Гулрӯ Солеҳовна сазовори ҷойи аввал, капитани милитсия Азорабеков Бахтиёр Муборакшоевич сазори ҷойи дуюм ва старшинаи милитси Нусратова Гулноза Назаралиевна сазовори ҷойи сеюм гардиданд.


  Чуноне дар ҷараёни баргузории озмуни мазкур устод Муллоҷонов Сайфулло таъкид намуд, бевосита бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳамчун тӯҳфа ба ҳар як хонадони тоҷик расонида шудааст, ки ин иқдом дар бедор намудани худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани савияи дониши таърихии ҳар як тоҷик саҳми арзанда мегузорад.
  Ғолибони озмуни мазкур бо Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ дар ҷараёни баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар фазои тантанавӣ аз ҷониби муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим қадршиносӣ карда шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin