• Home »
  • Баромадҳо »
  • Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Раёсати ВКД шаҳри Душанбе
Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Раёсати ВКД шаҳри Душанбе

Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Раёсати ВКД шаҳри Душанбе

  Имрӯз бо мақсади сазовор таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.


  Сараввал ба хотири гиромидошти хотираи шаҳидон-кормандоне, ки ҳангоми адои хизмат ҷони худро аз даст додаанд маросими гулгузорӣ сурат гирифт. Сипас қисмати расмии чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Раёсат баргузор гардид.


  Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро вобаста ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» ба кормандони милитсияи пойтахт расонид. Чуноне номбурда иброз дошт кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, таъмини волоияти қонун ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, пайи иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ камари ҳиммат бастаанд. Раванди зудтағирёбандаи ҷаҳони муосир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бе таъсир намемонад. Вобаста ба ин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мебояд беш аз пеш зираку ҳушёр бошанд то пеши роҳи ҳама гуна аъмоли ношоям гирифта шавад.


  Дар ҷараёни чорабинии мазкур муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Тағойзода Сафаралӣ Хол низ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки воқеан давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба илму дониш фаро гирифтани ҷавонон зина ба зина шароитҳои лозима таъмин карда шудааст. Воқеан, маҳз ҷавонони бо илму дониш метавонанд ояндаи дурахшони давлату миллати хешро таъмин намоянд. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат ҷавононро ояндаи давлат унвон кардаанд.


  Чуноне зикр гардид, дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ низ аксариятро кормандони ҷавон ташкил медиҳанд, ки баҳри таъмини тартибот ва осиштаҳолии шаҳрвандон саҳми боарзиши худро мегузоранд.
  Дар идомаи чорабинии мазкур ҳамзамон сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода низ суханронӣ намуда, тамоми ҳайати шахсии милитсияи пойтахтро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, хизматҳои онҳоро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуд.


  Дар охир аз ҷониби муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим як қатор кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin