Мулоқоти навбатӣ бо хонандагони МТМУ №58-и н.Фирдасӣ

Мулоқоти навбатӣ бо хонандагони МТМУ №58-и н.Фирдасӣ

  Дар доираи нақша чорабиниҳои якҷояи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт силсила вохӯриву мулоқоти судманд баргузор гардида истодааст.
  Аз ҷумла, мулоқоти навбатӣ бо хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-и МТМУ №58 ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 300-нафар хонанда ширкат намуданд. Дар ҷаласаи мазкур сардори Шуъбаи огоҳонию пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Алохуҷа Шоҳиён, муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Худоёров Фарҳод Табарович ва корманди шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.


  Сардори ШОПҲНҶ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Алохуҷа Шоҳиён оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон суханронӣ намуда, бо овардани факту далел аз ҷараёни тафтиши парвандаиҳои ҷиноятӣ, ки бевосита аз ҷониби наврасон содир гардидаанд, муҳассилинро ба омӯзишу таҳсил ва азбарнамоии илму дониш даъват намуд. Чуноне зикр гардид, вақтҳои охир сар задани муноқишаҳои гурӯҳӣ аз ҷониби наврасон махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ боиси нигаронӣ буда, ҳамаи қишрҳои ҷомеаро мебояд ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия намудани наврасон саҳмгузор бошанд.
  Қобили зикр аст, ки яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ва ҳалталаб, ки дар ҷараёни мулоқоти мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин бо худ гардонидани силоҳи сард аз ҷумла корд аз ҷониби нобилиғону ҷавонон мебошад, ки дар баъзе маврид бо истифода аз он ҷиноятҳои гушношунид содир менамоянд.


  Дар идомаи чорабинии мазкур муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Худоёров Фарҳод Табарович, директории муассисаи мазкур Тағоева Басбӣ Назаровна суханронӣ намуда, дар баромадҳои худ дар баробари таҳлилу барраасии омилу сабабҳои даст задани наврасону ҷавонон ба амалҳои номатлуб, ҳамзамон дастоварду натиҷаҳои илмии наврасонро зикр намуданд, ки то андозае хонандагонро ҷиҳати рӯ овардан ба илму дониш шавқманд намуданд.
  Баргузории чунин мулоқоту суҳбатҳои озоду ошкорои кормандони милитсия дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin