Машварати хизматӣ бо кормандони БДА-и пойтахт

Машварати хизматӣ бо кормандони БДА-и пойтахт

  Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе машварати хизматӣ ва натиҷагирии фаъолияти кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарият ва ҳамаи кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

  Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода дар ҷараёни ҷаласаи мазкур аз фаъолияти хизматии ҳар як корманди бозрасӣ натиҷагирӣ намуда, таъкид дошт, ки нозирони роҳ симои милитсия ба ҳисоб рафта, аз дараҷаи касбият ва одобу муоширати онҳо бо шаҳрвандон фаъолияти тамоми мақомоти корҳои дохилӣ баҳо дода мешавад. Вобаста ба ин нозирони роҳ зимни адои хизмат бо ронандагону шаҳрвандон одоби муоширатро риоя намуда, ҷиҳати ошкору бартарафсозии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намоянд.


  Чуноне зикр гардид, бо талошу заҳматҳои роҳбарияти олии кишвар ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сол то сол хизматрасонии нақлиётӣ беҳтар гардида, ҷоддаву роҳҳои нақлиётгарди пойтахт азнавсозӣ карда шудаанд. Аммо, ҳанӯз баъзе аз ронандагон, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш ва баъзе аз ронандагони мусофиркашони ҷамъиятӣ оддитарин Қоидаҳои ҳаркат дар роҳро риоя накарда, дар қатори дуюму сеюми роҳ, дохили истгоҳ ва дигар ҷойҳои номуқарраргардида ба таври дуру дароз таваққуф менамоянд, ки ин амали онҳо тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиётро ба миён оварда, боиси беназмӣ дар ҷоддаву роҳҳои пойтахт мегардад. Ҷиҳати бартарафсозии ин ва дигар қоидавайронкуниҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.


  Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки дар ҷараёни машварати хизматӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ин ба танзим даровардани хизматрасонии воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ буд, ки вақтҳои охир содиршавии садамаҳои нақлиётӣ ва дағалона вайрон намудани Қоидаҳои ҳаркат дар роҳ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон ба чашм мерасанд. Бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва риояи ҳатмии меъёру талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва одоби шаҳрдорӣ баргузории як қатор рейду амалиётҳои санҷишӣ ва гузаронидани вохуриву корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ронандагони мусофиркашони ҷамъиятӣ ба нақша гирифта шуд.


  Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт нақши шаҳрвандонро низ дар таъмини назму тартибот ва пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ назаррас арзёбӣ намуд. Чуноне таъкид гардид, шаҳрвандон бо мақомоти милитсия ҳамкории зичро ба роҳ монда, ҳамарӯза бо мушоҳидаи амалу кирдорҳои номатлуб онро ба навор ва расм гирифта, ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ирсол менамоянд. Қобили зикр аст, ки баррасии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон бевосита зери назорати роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.


  Дар қисмати дигари ҷаласа кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки баҳри боз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолият ҷиҳати иҷроиши уҳдадориҳои хизматӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар машварати хизматӣ баён гардида, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳанд дод.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin