• Home »
  • ХАБАР »
  • Баррасии муроҷиати сокинони маҳаллаи Арбобхотун: На танҳо партовгоҳ, варзишгоҳи замонавӣ низ сохта мешавад!!!
Баррасии муроҷиати сокинони маҳаллаи Арбобхотун: На танҳо партовгоҳ, варзишгоҳи замонавӣ низ сохта мешавад!!!

Баррасии муроҷиати сокинони маҳаллаи Арбобхотун: На танҳо партовгоҳ, варзишгоҳи замонавӣ низ сохта мешавад!!!

  Муроҷитаи дастаҷамъонаи сокинони маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, оид ба мушкилот ва баҳси замини нуқтаи партовгоҳ аз ҷониби гурӯҳи кории созмонёфта аз ҳисоби мақомоти дахлдори давлатӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, ҳолати худсарона ғасб намудани қитъаи замин ва табдил додани он ба истифодаи хусусӣ тасдиқ нагардид.


  Қобили зикр аст, ки гарчанде дар маҳаллаи мазкур 3-нуқтаи партовгоҳ вуҷуд дошта бошад, ҳам сокинони ин маҳалла солҳои тулонӣ партовҳои маишии худро дар макони номуқарраргардида партофта, боиси ба миён омадани буйи ғализ ва паҳн гаштани он ба атроф гардидаанд, ки ин ҳолат норозигии сокинони ҳамшафати ин партовгоҳро ба бор овардааст. Ҷиҳати ба талаботи шаҳрдорӣ мутобиқ намудан ва ободу зебо гардонидани як гӯшаи пойтахт гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо сокинону фаъолони маҳаллаи Арбобхотун тасмим гирифта шуд, ки дар макони мавриди баҳс, нуқтаи партовгоҳ ва майдончаи хурди варзишӣ барои сокинони маҳаллаи мазкур сохта ба истифода дода мешавад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin