Сад ҷону дил фидои як муддаои модар…

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар…

  Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ «Рӯзи Модар» ва гиромидошти мақому манзалати бонувону модарон маҳфили идона доир гардид.
  Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, раиси Шурои занони ВКД Хушвахтзода Бибихол Ғафур, раиси Шурои ВАО Ҳуринисо Ализода, сардабири ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи Мизроб, директори китобхонаи ба номи А.Лоҳутӣ Абдуқодир Талбаков, собиқадорон, модарону ҳамсарони кормандони ҳангоми адои хизмат фавтида ва ҳамаи корманд-заноне, ки дар сафи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе кору фаъолият менамоянд иштирок намуданд.


  Чорабинии идонаро нахуст Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ифтитоҳ бахшида, тамоми модарону бонувони кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, корманд-занони мақомоти милитсияи шаҳри Душанберо ба ифтихори ҷашни саиду фараҳбахш “Рӯзи Модар”, ки дар рӯзҳои нахустини баҳорӣ – эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебо таҷлил мегардад, самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо муваффақияту комгорӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон пешравиҳои нав ба навро таманно намуд.


  Номбурда инчунин аз мақому манзалати зан-модар, нақши арзандаи ӯ дар тарбияи ҷомеа сухан гуфта, таъкид намуд, ки дар сафи мақомоти милитсия шумораи зиёди занон низ кору фаъолият дошта, бо ақлу заковат ва иродаи мустаҳками хеш дар баробари мардон баҳри таъмину ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ кору фаъолият намуда, аз иҷрои масъулиятҳои бар душашон вогузор гардида, бо сарбаландӣ мебароянд.
  Ба иттилои номбурда дар мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе 86-нафар занону бонувон дар вазифаҳои пурмасъулу пуршараф бо матонату ҷасурӣ фаъолият намуда, ҷиҳати ошкору пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва таъмини сулҳу осоиштаҳолии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе камари ҳиммат бастаанд.


  Дар идомаи чорабинии мазкур раиси Шурои занони ВКД полковники милитсия, Хушвахтзода Бибихол Ғафур доир ба саҳми занон-кормандони милитсия суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшу мақоми занон дар ҷомеа рӯз то рӯз боло рафта, дар Вазорати корҳои дохилӣ низ занон дар вазифаҳои гуногуну роҳбарикунанда фаъолияти пурсамар доранд. Ин аст, ки ҳамеша талошу заҳмати занон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ дастгирӣ меёбанд.


  Қироати шеър дар васфи мақому манзалати модар ва қиссаҳои пандомӯз, ки аз ҷониби меҳмонон, Ҳуринисо Ализода, Абдуқодир Талбаков ва Сайёфи Мизроб ба аҳли толор расонида шуд, ба чорабинии идона ҳусну таровати тоза бахшида, хотири хозиринро шод намуд.


  Дар қисмати дигари чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт ҳамаи корманд-занҳои милитсияи шаҳри Душанбе, модарону ҳамсарони кормандони ҳангоми адои хизмат фавтида, собиқадорону ҳамсарони кормандони милитсия бо Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin