Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби ронандаи «такси»

Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби ронандаи «такси»

  Санаи 28-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА» рақамҳои қайди давлатиаш 1815ТТ09, Зарипов Фатҳулло Ҳайдарович санаи таваллудаш 23.11.1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Фирдавсӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.
  Зимни саҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 28-уми март, соати 13:45 дақиқа дар кӯчаи Дустии Халқҳо, назди фурушгоҳи «Ашан» тавассути автомашинаи худ ба самти муқобили роҳ ҳаракат намуда, ба қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ даст задаст. Ҳамзамон эроди муҳофизони фурӯшгоҳи мазкурро нодида гирифта, бо суханони қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва осудагии шаҳрвандону атрофиёнро халалдор сохтааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати Зарипов Фатҳулло тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin