• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти “Корд”: Боздошту ҳабси ду нафар давоми ҳафтаи ҷорӣ
Амалиёти “Корд”: Боздошту ҳабси ду нафар давоми ҳафтаи ҷорӣ

Амалиёти “Корд”: Боздошту ҳабси ду нафар давоми ҳафтаи ҷорӣ

  Бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноят бо истиода аз силоҳи сард аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми 3-соли охир амалиёти шартии «Корд» роҳандозӣ гардидастодааст, ки натиҷаҳои дилхоҳе ба бор овардааст. Тибқи таҳлил ва маълумотҳои оморӣ содиршавии ҷиноят бо истифода аз силоҳи сард миёни ноболиғон коҳиш ёфтааст.
  Дар натиҷа баргузории амалиёти «Корд» дар марҳилаи навбатӣ аз ҷониби кормандони милитсия давоми ҳафтаи ҷорӣ ду нафар дастгиргардида, аз ҷайби онҳо кордҳои гуногунтамға мусорида карда шуданд.
Аз ҷумла:
Зуҳуров Ҷамшед Холович, санаи таваллудаш 06.10.1995, истиқоматкунандаи кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, 3-адад корд;


Одинаев Хизрхуҷа Латифович, санаи таваллудаш 23.08.1989, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, 1-адад корд;


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбати Зуҳуров Ҷамшед ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз ва нисбати Одинаев Хизрхуҷа ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin