• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси ҷавонписар барои таҳқиру озори лафзии модар
Ҳабси ҷавонписар барои таҳқиру озори лафзии модар

Ҳабси ҷавонписар барои таҳқиру озори лафзии модар

   Мутаассифона вақтҳои охир ҳолатҳои мавриди озору шиканҷа қарор гирифтани волидайн аз ҷониби бархе аз фарзандон ба қайд гирифта шуда, ин амал аз костагии ахлоқу одоб ва дур аз меҳру муҳаббати исонӣ будани чунин фарзанд дарак медиҳад. Дар ин замина кормандони мақомоти милитсия бо мақсади ба вуҷуд овардани созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ниҳоят андешидани чораҳои дахлдору таъсиррасони қонунӣ баҳри пешгирии ҳолатҳои сар задани ҷиноятҳои вазнин дар ҳудуди оила тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
  Ҳафтаи сипаришуда низ дар натиҷаи санҷиши муроҷиати як нафар модар, шаҳрванд Азизов Шаҳбоз Қайсович санаи таваллудаш 05.09.1981, истиқоматкунандаи кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои санҷишӣ муайян гардид, ки номбурда мунтазам бо модари худ муноқиша ва бо суханони дағалу амалу рафтори ношоиста ӯро мавриди озор қарор медодааст. Ҳамзамон дар назди атрофиён модарашро ҳақорату дашномҳои қабеҳ намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Азизов Шаҳбоз тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin