• Home »
  • Без рубрики »
  • Таҳқиқи навор: ҷавонписар барои амали ғайриахлоқӣ ҳабс ва ҷавондухтар барои дағалгуфторӣ ҷаримабандӣ шуд!
Таҳқиқи навор: ҷавонписар барои амали ғайриахлоқӣ ҳабс ва ҷавондухтар барои дағалгуфторӣ ҷаримабандӣ шуд!

Таҳқиқи навор: ҷавонписар барои амали ғайриахлоқӣ ҳабс ва ҷавондухтар барои дағалгуфторӣ ҷаримабандӣ шуд!

   Шоми 3 декбар дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он ҷавондухтаре ба дағалгуфторӣ роҳ дода, даъво дорад, ҷавонписари номаълуме ба ӯ дарафтода, ӯро дар ҷои ҷамъиятӣ мавриди дашному ҳақорат қарор додааст. Дар зимн корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
   Дар натиҷаи таҳқиқи навор аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ҳарду иштирокчиёни ҳодиса муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд, ки онҳо Ашурализода Баҳоваддин санаи таваллудаш 18.03.1991 сокини шаҳри Бохтар, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва Назарова Манижа Умедуллоевна санаи таваллудаш 05.01.1996 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошанд.
   Зимни баррасӣ ва пусиши ҳарду ҷониб муайян карда шуд, ки санаи 3 декбари соли ҷорӣ, тахминан соати 16.30 дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Зарнисор, назди бозори Корвон қарор доштани шаҳрванд Назарова Манижа ҷонибаш шаҳрванд Ашурализода Баҳоваддин дарафтода, баъди қипидани дасташ номбурдаро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор дода тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст. Дар ҷавоб ҷавондухтар Назарова Манижа низ нисбати ҷавонписар Ашурализода Баҳоваддин дағалрафторӣ намуда, суханҳои қабеҳ задааст, ки навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида шоҳиди ин гуфтаҳо мебошад.
   Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳарду иштирокчиёни ҳодиса тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар натиҷа кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҳарду дар маҷлиси ошкорои судӣ баррасӣ ва нисбати амалҳои зиддиҳуқуқии онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шуда. Сипас бо Қарори Суд нисбати шаҳрванд Ашурализода Баҳоваддин ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.


  Ҳамчунин бо Қарори Суд барои дағалгуфторӣ дар ҷои ҷамъиятӣ нисбати Назарова Манижа ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин гардид.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin