Ҳодисаи нохуш

Ҳодисаи нохуш

  Санаи 1-уми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 11:30 дақиқа, аз девори бинои истиқоматии баландошёнаи кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ 14, сангпораҳо ба сари писарчаи ноболиғи 9-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи мазкур, ки ба бозӣ ва гашту гузор машғул буд, афтидааст. 

 Дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона дар ҳолати вазнин бистарӣ мебошад.

  Ҳамзамон, ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи “Опел Астра” рақамҳои қайди давлатиаш 7393ЕЕ01, ки ба шаҳрванд Қурбонов Фаридун Тоҳирович соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Ҳ.Шерозӣ тааллуқ дорад ва дар назди бинои мазкур гузошта шуда буд, сангпораҳо афтида, ба қисмати пеши автомашина зарари техникӣ расидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin