• Home »
  • Без рубрики »
  • Мусодираи беш аз 19 000 дона маводҳои тарфгарӣ (хлопушка) аз соҳибкори бозори Корвон
Мусодираи беш аз 19 000 дона маводҳои тарфгарӣ (хлопушка) аз соҳибкори бозори Корвон

Мусодираи беш аз 19 000 дона маводҳои тарфгарӣ (хлопушка) аз соҳибкори бозори Корвон

   Гарчанде дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории кишвар хариду фуруш ва истеҳсолу паҳн намудани маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ-хлопушка) манъ гардида бошад, ҳам бо омад омади Соли нави мелодӣ садои гушхароши он дар кӯчаву дигар маконҳо шунида мешавад.
Мутаассифона баъзе аз тоҷирону савдогароне ҳастанд, ки манфиатҳои молиявии шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло шуморида, ба хотири ба даст овардани маблағ ба таври ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои тарфгариро ворид намуда, ба фурушу паҳнсозии он машғул мешаванд.
Вобаста ба ин милитсияи пойтахт тамоми чораҳоро меандешад, то пеши роҳи онро гирифта, осоиштаҳолии сокинону меҳмонони пойтахт таъмин гардад.
Бо ин мақсад, дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҳазратқулов Ориф Ҳасанович соли таваллудаш 06.01.1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, соҳибкори бозори Корвон бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ дастгир карда шуда, аз ӯ миқдори 19000 дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) мусодира гардид.


Дар натиҷаи пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда ин миқдор маводҳои пиратехникиро бо усулҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда, мехост бо роҳи фурӯш ва паҳн намудан дар ҳудуди пойтахт фазои ороми осудаи сокинони шаҳри Душанберо халалдор намояд.
Маврид ба зикр аст, ки истифодаи чунин воситаҳои тарканда, дар баробари халалдор сохтани осоиштагӣ ҳамзамон ба саломатии шаҳрвандон хатарнок мебошад.
Айни замон нисбати дастгиршуда Ҳазратқулов Ориф Ҳасанович тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin